Ёде аз Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

© Sputnik / Л. Раскин / Гузариш ба медиабонкТаджикский поэт Мирзо Турсун-Заде. Архивное фото
Таджикский поэт Мирзо Турсун-Заде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамоиши бузургдошти шоъири сулҳпарвар нависандагону донишмандон, сафирону намояндагони ҳайъати дипломатии муқими Теҳрон ва шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ҳамкории Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дирӯз, 22 май ар шаҳри Теҳрон ҳамоиши бузургдошти  Мирзо Турсунзода — маъруфтарин шоири сулҳпарвар ва Қаҳрамони Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино бар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш нависандагону донишмандон, сафирону намояндагони ҳайъати дипломатии муқими Теҳрон ва шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат карданд.

Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муъмин Қаноат 85-сола мешавад: ҳамоиш ба муносибати зодрӯзи шоир

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода дар суханронияш дар бораи нақшу ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар торихи миллату кишвар ва паҳлӯҳои мухталифи зиндагӣ ва эҷодиёти шоир таъкид кард, ки ӯ ҳамчун фарди фарҳангии фаъол ва мубориз, тараннумгари ғояҳои сулҳу дустӣ ва шоири тавоно дар ташаккули ғояҳои миллӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ ва рушди фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон нақши муаассир дорад.

Дар ин ҳамоиш порае аз филми мустанади "Фарзанди азизи Тоҷикистон" дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода намоиш дода шуда, барои ошноии бештар бо корномаи адиби маъруф брошурҳо ба забонҳои форсӣ ва инглисӣ дар ихтиёри ширкаткунандагон қарор дода шуд. 

Лентаи хабарҳо
0