Тандиси устод Лоиқ Шералӣ дар Панҷиканд навсозӣ мешавад

© Archive.liПамятник поэту Лоику Шерали, архивное фото
Памятник поэту Лоику Шерали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин ба муносибати ҷашни Истиқлол дар шаҳри Панҷиканд "Кохи ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ" бунёд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тандиси Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷиканд навсозӣ мешавад ва ҳамчунин кохе ба поси ёду номи шоири мардумии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бино бар иттилоъи Вазорати фарҳанг, "Кохи ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ" сохтмоне панҷошёна буда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин кох бахши фарҳанги шаҳрдории Панҷиканд ва китобхонаи марказӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

Шоир ва тарҷумони рус Михаил Синелников - Sputnik Тоҷикистон
Михаил Синелников: Лоиқ Шералӣ кайҳонавардест, ки аз дигар ҷаҳон омад

Ба гуфтаи мудири бахши фарҳанги шаҳрдории Панҷиканд Мирзоб Бобораҷабов,  "дар маҷмаъаи навбунёд ташкили маҳфилҳои ҳунарӣ ва ансамбли рақсии маҳаллиро дар нақша доранд".

Ҳамчунин дар назар аст ки муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ дар саҳни ин кох гузошта шавад.

"Пас аз таҷдиди пайкараи шоир ин мавзеъро чор фаввораи рангини дорои чароғакҳои ҷилодор ва нишастгоҳҳои замонавӣ оро хоҳанд дод",- гуфта мешавад дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0