ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар гузориши ВУХ ҶТ, ин ҳайъат дар давоми дувуним рӯзе, ки дар Душанбе хоҳад буд, бо мақомоти баландпояи давлатӣ, намояндагони сохторҳои байналмилалии молӣ ва корофаринони тоҷик дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар чорчӯби барномаи сафари ин ҳайъат Шурои тиҷории ИМА ва ҶТ ҳамроҳ бо Утоқи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон 14 июл ҳамоиши корофаринону бозаргононро баргузор хоҳад кард, ки дар он пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ ва тоҷикӣ, колоҳову хадамоташонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Ҳайъати тиҷории ИМА аз бунёдгузорони ширкатҳои USKGZBC ва USTJBC — AGCO, Baker&McKenzie ва General Electric ва аъзои нави Шурои таҳсилоти байналмилалии Амрико ташкил шудааст.
Ин ҳайъат ҳамчунин намояндаҳои ширкатҳои AES, Amity Technology, APR Energy, The Coca Cola Company, Mobilized Construction ва WHITE64-ро дар бар мегирад.