ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, субҳи имрӯз дар Кохи Борбад, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар дидор кардааст.
Ин дидор ба муносибати 10 — солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор шудааст.
Даҳ сол пеш — соли 2007, қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул шуд.
Ба иттилоъи манбаъ ин вохӯрии раисҷумҳур ва фаъолони Тоҷикистон, ба хотири натиҷагирӣ аз қабули ин қонун ва пешниҳоди дархостҳои нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ва ислоҳи он гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки то имрӯз, бо супориши раисҷумҳур тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъорӣ шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки ҳадаф рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Дар мулоқоти имрӯза намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат суханронӣ карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таклифу пешниҳодҳои худро баён кардаанд.