ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, аз риоя нашудани қонуни танзими ҷашну маросимҳо аз ҷонибираисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои низомӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
"Худи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ, масъулони бахшҳо оид ба корҳои дину танзим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба вайрон гардидани талаботи қонун мусоидат менамоянд",- гуфтааст, раисҷумҳур.
Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки муддати даҳ сол аз ҷониби масъулони соҳа як қатор ҷиноятҳо содир шуда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин вазифа шахсони тасодуфӣ ва бесалоҳият ба кор қабул гардидаанд, ки аз мансаб сӯйиистифода намуда, талаботи қонуни мазкурро дағалона вайрон мекунанд.
Барои ислоҳи саривақтии чунин вазъ, Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи динро вазифадор кардааст, ки дар муддати кӯтоҳтарин ҳамаи кормандони бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин, аъзои комиссияҳои доимиро аз аттестатсия гузаронида, шахсони кордону донишманд ва ҷавону ташаббускорро ба ин корҳо ҷалб намояд ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро ба танзим дарорад.
Ҳамчунин ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки ба вазифаи мудирони шуъба ва бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ шахсони болаёқат ва донишмандро пешбарӣ карда, фаъолияти онҳоро ҷиддӣ назорат намоянд.
"Вобаста ба ин, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор месозам, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба ҳукумат пешниҳод намоянд".
Раисҷумҳур гуфт, ки дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорону сарватмандон, инчунин, фарзандон ва хешу табори наздики онҳо мебошанд, ки берун аз муқаррароти ҷорӣ ва худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, дар Кохи Борбад бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.