Боздошти дуздони эҳтимолии "Қуръони карим" ва ресмон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти дуздони эҳтимолӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, китоби " Қуръони карим"-ро ҷавони 24-солае аз шаҳри Кӯлоб дуздидааст.

Гуфта мешавад, ки моҳи июли соли 2016, шахсони номаълум ба манзили зани 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад яхдон, 1-адад китоби "Қуръони карим" ва як оинаро рабудаанд.

Маблағи умумии молҳои дуздидашуда, 10000-сомониро ташкил додааст.

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Дастгир шудани гумонбарон - Sputnik Тоҷикистон
Дуздони 70 ҳазор сомонӣ дастгир шуданд

Ба ҳамин монанд, зани 22-солаи сокини пойтахт ба мақомоти интизомӣ аз ғайб задани маблағаш аз дорухона шикоят кардааст.

Ба нақли ӯ, шаби 28-уми июни соли равон, шахсони номаълум вориди дорухонааш шуда, аз он ҷо 6500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шудааст.

Ба гузориши манбаъ, аз амборхонаи марди 32-солаи сокини Душанбе ресмонҳо ғайб задаанд, ки маблағи умумиашон 30000-сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар дуздии ресмонҳо дастгир кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки нисбат ба ин далелҳо парвандаҳои ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0