ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани ду зани табаҳкор хабар медиҳад.
Бино ба ахбори манбаъ, пас аз дарёфти арза аз яке аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, гурӯҳи бозҷӯӣ ташкил шуд ки дар паи бозчӯӣ ду занро дастгир кардааст.
ВКД ин муттаҳамонро сокинони ноҳияи Вахш Гулчеҳра Исфандиёрова, зодашуда дар соли 1986, ки пештар ду бор зиндонӣ шуда ва Нигина Қодирова, зодашуда дар 1991, номидааст.
Муттаҳамон аз пеш ин табаҳкориро омода карда ва 22 май, соатҳои 08:40 дақиқа, ҳангоме, ки соҳибхона дар манзилаш набудааст, вориди он шуда, аз даруни сандуқ 70 ҳазор сомониро бардошта, онҷоро тарк мекунанд. Табаҳкорон бо ин амалашон ба ҷабрдида зарари калони моддӣ мерасонад.
Нерӯҳои интизомӣ барои бозрасии ин қазия бар асоси моддаи 244 Қонуни кайфарии ҶТ парванда оғоз кардаанд.