ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ВКД дирӯз, 24 апрел кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо донишомӯзони мактаби 15 шаҳри Душанбе мулоқот намуда, онҳоро аз оқибатҳои ҷангҷӯӣ ва тарки ватан огоҳ карданд.
Дар ин дидор ба наврасон филм дар бораи муноқишаҳои гурӯҳии байни донишомӯзон ва "Сад пушаймонӣ аз Сурия", ки оиди оқибатҳои нохуши ҷангҷӯӣ ва камандешии ҷавонон нақл мекарду амали ҷангиёнро маҳкум, намоиш дода шуд.
Зимни дидор вазъи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бухоризода Мансур яке аз масъулони вазорат, зимни суханронӣ ҷавононро ба донишандӯзӣ даъват кард.
"Дар замони имрӯз танҳо ҷавонони донишманду маърифатнок метавонанд миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд",-гуфт ӯ.
Дар идомаи дидор намояндагони гурӯҳи ҷавонони фаъоли "Авангард" баромад намуда, дар масъалаи меҳандӯстиву садоқат ба ватан изҳори назар карданд.