ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Пас аз шаш соли ҷанг ба шаҳри Плеппои Сурия зиндагии ором омад. Нахустин намоишнома дар Хонаи театри ин шаҳр, садҳо тамошобинро ба ҳам овард.
Хабаргузории РИА Новости аз қавли мудири хонаи фарҳанги Алеппо — Ҷаабери ал-Саҷура хабар медиҳад, ки ҳамакнун театрҳои шаҳр дарҳои худро ба рӯи тамошобинон боз карда истодаанд, ки ин аз эҳёи зиндагии ором ва сулҳ дарак медиҳад.
Дар Хонаи театр ба тамошобинон қиссаи ишқи "Ромео ва Ҷулетта" аз рӯи асари Шекспир бо иловаҳои фарҳанги маҳаллӣ намоиш дода шуд.
Сюжети намоишнома дар асоси муносиботи душманонаи ду оилаи сурӣ омода шудааст, ки яке ҷонибдори сиёсати ҳукумат ва дигаре зидди он мебошад. Вале ишқи фарзандони ин хонаводаҳо дар охир ин душманиро аз байн мебарад.
Интиҳои хуши намоишномаро тамошобинон бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол карданд. Аксари тамошобинон дар рафти намоишнома ба сифати рӯшангар ҳиссаи худро гузоштанд, чун ҳангоми намоиш борҳо қувваи барқ канда шуду, тамошобинон бо оташ ва чароғи телефонҳо саҳнаро рӯшан мекарданд.