Мусалмонони Маскав ба гӯрезаҳои Сурия кӯмак мерасонанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМусалмонон дар Маскав
Мусалмонон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамъияти мусалмонони Маскав ба гурезаҳои Сурия 6 милион рубл кӯмаки башардӯстона ҷамъ намуд, ки ба наздикӣ ба Лубнон фиристода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.Раёсати мусалмонони Маскав (ДУМ- идора)ва хазинаи "Закот"-и Русия ба ҷамъияти мусулмонони кишвар муроҷиат намудааст, ки ба хотирии  дасгириии гуразагони ҷангҳои Сурия кӯмаки башардӯстона расонанд, хабар медиҳад Риа Новости.

Раёсат дар байни мусалмонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори худро дар бораи расонидани кӯмак ба гурезагон паҳн намуда, дар муддати кӯтоҳ маблағи зиёд ҷамъ овардааст.

Маблағи ҷамъшуда ба наздикӣ ба кишвари Лубнон, ки ҳоло дар он ҷо гурезагон қарор доранд, равон карда мешавад, омадааст дар хабар.

"Мо дар мавъизаҳои худ дар масҷидҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудем, ки мусалмонон дар ин амали хайр иштирок намоянд. Дар муддати кӯтоҳ тавонитем, ки маблағи зиёд ҷамъ оварем", мегӯяд имомхатиби Масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов.

Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ: Тоҷикон дар Маскав зан мегиранд, занҳошон дар Тоҷикистон бехабар

Ба қавли муфти Маскав, вай  шахсан ба Лубнон сафар намуда, ба сарҳади кишвар, ки ҳоло гурезаҳо қарор доранд, кӯмаки башардӯстонаро мерасонад.

"Мо якчанд бошишгоҳҳои гурезагони Сурия меравем. Ба онҳо либоси гарм, доруворӣ, анҷоми кӯдакона ва хаймаҳои маваққатӣ мебарем", — изҳор дошт Аляутдинов.

Номбурда илова намуд, ки дар сарҳади Лубнону Сурия асосан кӯдакону занон ва пиронсолон  паноҳ бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ намояндагони Русия, Эрон ва Туркия дар Остонаи Қазоқистон гуфтушунидҳоро оид ба масъалаи танзими вазъияти Сурия оғоз намуданд. Дар намояндагони ҳукумати Сурия, мухолифин, Русия, Туркия ва Эрон ба ҳайси зомин иштирок доштанд.

Тибқи маълумотҳо ин аввалин қадами мухолифини ҳукумати Сурия ба ҳисоб меравад, ки бо намояндагони ҳукумат ба  сари миз нишатааст.

Лентаи хабарҳо
0