Раисҷумҳур вазири сохтмон ва меъмориро барои порагирӣ аз вазифа барканор кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАшхабад, архивное фото
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бердимуҳаммадов қарори аз вазифа сабукдӯш кардани вазири меъмориро имзо карда гуфтааст, ки "Туркманистон ҳаргиз макони порагирӣ нахоҳад буд"

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вазири сохтмон ва меъморӣ — Чари Отаевро барои порагирӣ аз вазифа барканор кардааст.

Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, Бердимуҳаммадов ин қаори худро, ҳангоми ҷаласаи васеъи ҷамъбастии фаъолияти нимсола ироа кардааст.

Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ҷавони 23-соларо муовини вазири маориф таъин кард

Дар рафти ҷаласа, раҳбари Созмони давлатии мубориза бо қонуншиканиҳои иқтисодӣ — Муҳаммадхон Чакиев баромад карда, оиди қонуншиканӣ дар вазорати сохтмон ва меъморӣ хабар додааст.

Ба қавли Чакиев дар порагирӣ ашхоси ба вазир наздик, ки аз соҳибкорони хусусӣ пора мегирифтаанд, даст доранд.

Бердимуҳаммадов қарори аз вазифа сабукдӯш кардани вазири меъмориро имзо карда гуфтааст, ки "Туркманистон ҳаргиз макони порагирӣ нахоҳад буд".

Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин раиси Оҷонсии миллии кайҳонӣ — Алладурди Отаевро бо сабаби бознишастагӣ аз вазифа озод карда ба ҷои ӯ муовини пешини вазири алоқа- Ашир Гараверо таъин кардааст.

Бердимуҳаммадов дар дигар вазоратҳо ҳам тағйироти кадрӣ ба амал овардааст.

Лентаи хабарҳо
0