Раисҷумҳур ҷавони 23-соларо муовини вазири маориф таъин кард

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель
Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алишер Саъдуллоев 11 июли соли 1994 ба дунё омадааст. Ҷавони 23-сола, аз ҷониби вазири маориф - Улуғбек Иноятов дар рафти маҷлисе пешбарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Алишер Саъдуллоевро муовини вазири маориф таъин кардааст.

Бино ба иттилоъи Sputnik Узбакистон, Алишери 23-сола, аз ҷониби вазири маориф Улуғбек Иноятов дар рафти ҷаласае пешбарӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханронии Алишер дар ҷаласаи созмони "Камолот" ва пешниҳоди рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Узбакистон, ба ин ҷавони 23-сола таваҷҷӯҳ кардааст.

Ҳамин тавр, раисҷумҳури Узбакистон ба Алишер Саъдуллоев имконият додааст, то худро дар соҳаи муҳим муаррифӣ кунад ва ӯро муовини вазири маориф таъин кардааст.

Алишер Саъдуллоев 11 июли соли 1994 ба дунё омадааст.

Лентаи хабарҳо
0