ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА" ба нақл аз манбаъе дар Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, барои дувумин марҳилаи бозсозии НБО "Қайроққум" 120 милюн дулор лозим аст.
Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа яке аз сармоягузорони аслии ин тарҳ аст ва давлати Тоҷикистон бо ин бонк барои дарёфти эътибори бештар барои иҷрои ин тарҳ музокиротро идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки пас аз навсозии комил тавоноии нерӯгоҳ аз 126 мегаватт то 170 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.
Ёдоварӣ мекунем, ки БУБТ барои нахустин марҳилаи навсозии НБО "Қайроққум" 71 милюн дулор ихтисос додааст. Дар паи анҷоми ин марҳила аз навсозӣ тавоноии нерӯгоҳ 16 мегаватт бештар хоҳад шуд.