Тоҷикистон тарҳи навсозии НБО "Қайроққум"-ро оғоз кард

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкКайраккумская ГЭС "Дружба народов", архивное фото
Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси Тоҷикистон тарҳи навсозии нерӯгоҳи барқобии "Қайроққум"-ро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки маҷлиси қонунгузор имрӯз тавофуқномаи ёрирасонии фаннии Бонки Урупоии бозсозиву тавсеъа ба ширкати "Барқи тоҷик" барои навсозии НБО "Қайроқум"-ро тавсиб кардааст.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад

Бино бар ин гузориш, навсозии ин нерӯгоҳ дар ду давра сурат мегирад. Марҳилаи аввал — навсозии ду дастгоҳ ва садди нерӯгоҳ бо арзиши 71 милюн дулор, ки бонки урупоӣ таъмини молӣ мекунад, ҳамакнун идома дорад.  Пас аз навсозии НБО Қайроқум зарфияти он 16 МВт бештар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ғолиб Убайдуллозода, намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" баъди поён ёфтани ин тарҳ зарфияти нерӯгоҳ аз 126 МВт то 170 МВт афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамакнун музокирот бо Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа дар бораи ихтисоси 180 милюн дулор барои иҷрои дувумин марҳилаи навсозии нерӯгоҳ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0