ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани мудири мактабе дар шаҳри Конибодом иттилоъ медиҳад.
Бино бар гузариши манбаъ, яке аз мудирони мактабҳои шаҳр — зане 42-сола пас аз дарёфти ришва дар мактаб дастгир шудааст.
"Номбурда, моҳи феврали соли 2017 аз зани 55-солае аз шаҳри Конибодом барои гузаронидани наберааш аз як синф ба синфи дигар, ки дар соли хониши 2016-2017 дар дарсҳо ҳузур надоштааст, 10 ҳазор рубли русӣ ришва хостааст", — омадааст дар хабар.
Вазорат гузориш дода, ки барои бозҷӯии шароити ин ҷурм парванда оғоз кардаву бозҷуст идома дорад.