ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳад, дар шаҳри Кӯлоб мудири мактаб ҳангоми гирифтани пора боздошт шудааст.
Тибқи ахбори манбаъ, директори мактаби № 2, Ҷӯрахон Ғуломов барои омода намудани шаҳодатномаи хатми синфи 9 аз сокини шаҳри Кӯлоб талаб кардааст, ки 1000 дулори ИМА диҳад.
Чуноне ки манбаъ қайд мекунад, кормандони ожонсӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаври мудири маткабро дар ҷойи ҳодиса- утоқи кориаш баъд аз гирифтани 8000 сомонӣ ҳамчун ришва боздошт карданд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Ғуломов Ҷурахон Бозорович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.