Писари Гулмурод Ҳалимов 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд

© SputnikКадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото
Кадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари Гулмурод Ҳалимов ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино ба гузориши РИА Новости, писари 18-солаи сарҳанги пешин Гулмурод Ҳалимов, соли 2015 ба созмони тундрави ДОИШ ("Давлати исломӣ") пайвастааст.

Тибқи иттилоъи манбаъ Беҳрӯз Ҳалимов аз рӯи моддаи 401 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — (зархаридӣ) муттаҳам мешавад.

Тюрьма. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Се тан аз хешовандони Гулмурод Ҳалимовро ба зиндон бурданд

Ҳамзамон се тан аз хешовандони Гулмурод Ҳалимов низ барои кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ба зиндон андохта шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ки писари фармондеҳи фирорӣ қаблан бо падари худ дар тамос будааст.

"Ӯ бо падараш тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ дар тамос будааст ва маслиҳат кардааст, ки худ низ ба гурӯҳи ДОИШ мепайвандад. Беҳрӯз Ҳалимов 17 апрели соли равон дар фурӯдгоҳи Душанбе, ҳангоми сафар ба Маскав дастгир шуд", — хабар додааст мусоҳиби оҷонсӣ.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар паи задухӯрди ҷонибдорони Ҳалимов ва мақомоти интизомии кишвар, чаҳор нафар аз хешовандони фармондеҳи пешин — ду бародар ва ду бародарзодааш, кушта шуданд. Бародари бузурги Ҳалимов яке аз кормандони мақомоти интизомӣ — Анвар Ҳусейновро захмӣ кард. Милисаи тоҷик дар паи бардоштани ҷароҳат дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гузориши ВКД авзоъи деҳае, ки дар он задухӯрд ба амал омад, ором аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Нерӯҳои посдори Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст.

Лентаи хабарҳо
0