Се тан аз хешовандони Гулмурод Ҳалимовро ба зиндон бурданд

© Sputnik / Шлей / Гузариш ба медиабонкТюрьма. Архивное фото.
Тюрьма. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се тан аз хешовандони фармондеҳи пешин - Гулмурод Ҳалимов ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, се тан аз хешовандони наздики фармондеҳи фирории тоҷик, Гулмурод Ҳалимов ба шаҳри Душанбе оварда шуда, ба зиндон андохта шуданд.

Дар деҳаи Ибрати вилояти Хатлон миёни ҷонибдорони Гулмурод Ҳалимов ва мақомоти интизомӣ задухӯрд ба амал омад. Кормандони ВКД се хешованди Ҳалимовро зимни убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт карданд.

Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибдорони Гулмурод Ҳалимов як милисаи тоҷикро захмӣ карданд

Дар паи задухӯрд чаҳор нафар аз хешовандони фармондеҳи пешин — ду бародар ва ду бародарзодааш, кушта шуданд. Бародари бузурги Ҳалимов яке аз кормандони мақомоти интизомӣ — Анвар Ҳусейновро захмӣ кард. Милисаи тоҷик дар паи бардоштани ҷароҳат дар бемористон бистарӣ шуд.

Табибон авзоъи Ҳусейновро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Ба гузориши ВКД авзоъи деҳае, ки дар он задухӯрд ба амал омад, ором аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Нерӯҳои посдори Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст.

Лентаи хабарҳо
0