Абдураҳмон Қодирӣ аз минтақаҳои офатзадаи вилояти Суғд боздид кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бояд гуфт, ки санаи 24 июн дар натиҷаи боришоти зиёд дар сойи Пунук сел омада, ба сокинони ду тарафи он хисороти моддӣ расонид.
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Пунук 11 манзил аз сел қисман осебдиданд. Сел ҳамзамон 3 килуметр роҳ ва 55 полезро қисман вайрон карда, як пулро дар маҳаллаи Толонак пурра нобуд кардааст.

Офати табиъӣ ду худрави савории аҳолии ин ҷамоатро низ бо худ бурдааст.

Бобохон Маллахонов - Sputnik Тоҷикистон
Чӯпоне дар Панҷиканд барои огоҳ кардани мардум аз хатари сел бо медол арҷгузорӣ шуд

Раиси вилоят дар ин сафар ба 11 хонавода кумаки молӣ пулӣ такдим намуда, ба масъулин дастур дод, ки оқибатҳои офатро ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ техникаи зарурӣ ҷалб гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 600 литр сӯзишворӣ дастрас ва айни замон дар Ҷамоати деҳоти Пунук қисме аз роҳҳобарқарор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи омадани сел санаи 24-уми июн ба хоҷагии халқи ҷамоат 115 ҳазор сомонӣ зарар расид.

Лентаи хабарҳо
0