ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Як сокини деҳаи Амондараи шаҳри Панҷиканд Бобохон Маллахонов бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо медоли “Ширкат дар рафъи ҳолатҳои фавқулода” сарфароз гардонида шуд.
Тавре Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, Бобохон Маллахонов ҳисси масъулият ва зиракӣ зоҳир намуда, аҳолиро аз хатари фурӯ рехтани сел огоҳ кард ва аз талафоти ҷонӣ пеширгӣ гардид. Вай, ки дар доманакӯҳ гӯсфандонро мечаронд, оғози фурӯ рехтани селро дида зуд бо телефон мардуми деҳаро огоҳ мекунад.
Ба Бобохон Маллахонов аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ тӯҳфаи хотиравӣ — як адад телевизор тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехт. Дар натиҷаи ин офати табиӣ селоба 6 хонаро пурра ва 10 хонаро қисман хароб кардааст. Илова бар ин заминҳои корам ва селроҳа осеб дидаанд.