Бостоншиносони хориҷӣ дар шаҳри Ҳулбук "дарс мехонанд"

Обуна шудан
Дирӯз, 3 июл дар толори Фарҳангистони Тоҷикистон маросими ботантанаи ифтитоҳи “Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанг, чорабиниро президенти Фарҳангистон, Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, иштирокчиёни мактаби байналмилалии тобистонаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри Бостонии Ҳулбук" бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Фарҳангистон бо дастгирии Бунёди байналхалқии кишварҳои ИДМ ташкил мешавад.

Имсол ин мактаб аз 2 то 8 июл дар минтақаи Кӯлоб идома меёбад. Ба мактаби тобистона бостоншиносони ҷавон аз Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон, Молдова ва  Озорбойҷон, Русия ва Украинаю Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!

Рӯзи 3 июл қабл аз маросими кушодашавӣ иштирокчиён аз Осорхонаи бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо нигораҳои таърихии осорхона шинос гардиданд. Шоми 3 июл иштирокчиён ба шаҳри Кӯлоб сафар карданд.

Мувофиқи барнома баргузории ҷаласаҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии "Ҳулбук", машғулиятҳои илмию амалӣ дар мавзеи таърихии Ҳулбук дар назар аст.

© Министерство культуры республики ТаджикистанМактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
© Министерство культуры республики ТаджикистанМактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
© Министерство культуры республики ТаджикитанМактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
1/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
2/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон
3/3
Мактаби тобистонаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон

Дар назар аст, ки бостоншиносони ҷавон ҳамчунин аз кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмини воқеъ дар ноҳияи Восеъ ва мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод дидан хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0