Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи рӯзҳои ҷашнии моҳи май Sputnik Тоҷикистон хонандагони худро бо харитаи сайёҳии ин минтақаи кӯҳии афсонавӣ шинос менамояд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҷаҳонгардони рус тафреҳ дар кишварҳои ИДМ-ро аз сайёҳат дар Аврупо авлотар медоданд. Ин нисбати истироҳат дар Туркия бехавф буда, дар қиёс ба истироҳат дар Бали арзонтар аст. Аксари ширкатҳои сайёҳӣ аллакай ба ин манотиқ гузаштаанд.

Тибқи маълумоти ширкатҳои сайёҳӣ, шаҳрвандони рус бештар ба Узбакистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Тоҷикистон сафар мекунанд. Мувофиқи маъмумоти расмии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ, дар соли 2015 ба Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ сафар кардаанд.

Ҳарчанд ба назари бархе аз коршиносон ин шумора хеле зиёд намояд ҳам, манфиатоварии  рушди сайёҳӣ дар кишвар шубҳаовар нест. Соҳаи туризм метавонад дар ҷумҳурӣ яке аз бахшҳои даромадноки иқтисоди кишвар гардад.

Зеро…

Тоҷикистон ин қабл аз ҳама бо Помир- яке аз бузургтарин минтақаи кӯҳӣ дар ҷаҳон, ки бо қуллаи Исмоили Сомонӣ (қаблан пик. Коммунизм), шаҳрҳои афсонавии "Роҳи Абрешим", ёдгориҳои тамаддуни аҳди зардуштӣ, чашмаҳои гарми шифобахш ва ғизоҳои ниҳоят гуногуни болаззат машҳур аст.

Мо метавонем боигариамонро нишон диҳем ва бо он фахр кунем.

Дар "Боми ҷаҳон"

Тоҷикистон аз ҳама минтақаи серкӯҳи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳад. Ва албатта ин минтақа барои нафароне, ки сайёҳати кӯҳиро хуш медоранд, биҳишт аст.

Мусофирон ҳангоми ба қайдгирии чиптаҳо - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои ҷаҳонгардӣ: коҳиши назарраси сайёҳонро ба Туркияро интизорем

— Сайёҳат ба Помир аз маъруфтарин навъи ҷаҳонгардӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, мегӯяд директори иҷроияи "Маркази рушди туризм"  Баҳриддин Исомуддинов.

Помир бо гуногунии қавмӣ (этникӣ)-и худ машҳур аст: дар ин ҷо мардуми дорои забонҳои гуногун ва хусусуятҳои фарҳангии хос умр ба сар мебаранд. Махсусан барои ҳамин ҳам ба Помир натанҳо ҷавононе, ки сайёҳати кӯҳиро меписанданд, балки шаҳрвандони хориҷии синну солашон нисбатан калон низ сафар мекунанд.

"Онҳо бо анъанаҳои маҳаллӣ шинос шуда, сайёҳатро дар деҳаҳои кӯҳӣ дӯст медоранд, бо одамони забонҳояшон гуногун, дорои фарҳанги мухталифи таҳияи хӯрок, либоспӯшӣ ва тарзи зист ошно мешаванд",- мегӯяд ӯ.

Ин сайёҳати пиёдагардӣ, кӯлҳои зебои кӯҳӣ, қуллаҳи барфпӯш ва нишебиҳои дилфиреб, ин зиндагӣ дар хаймаҳо, тафреҳу нишаст назди гулхан ва боду ҳавои форами кӯҳистон аст.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, сайёҳати дучархаронӣ дар шоҳроҳҳои Помир хеле маъруф аст. Зебоиҳои ин диёр фаромӯшнашавандаанд. Кӯҳнавардони касбиро қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Исмоили Сомонӣ (пик. Коммунизм) бо баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр интизор аст, ҳарчанд он нисбати Ҷомолунгма (Эверест) 1400 метр пасттар аст.

Аҳтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Суди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ду маротиба афзоиш ёфтааст

Кӯҳнавардоне, ки ба тай кардани қуллаҳои панҷгона ноил гадиданд солҳои қаблӣ ба унвони расмии "Тайкунандаи баландтарин қуллаҳои ИҶШС"  мушарраф мегардиданд ва ба тайкунандагони қуллаҳои оддӣ унвони "Паланги барфӣ" (Снежный барс) тақдим мегардид.

Мувофиқи нишондодҳои соли гузашта, ки аз ҷониби маҷаллаи National Geographic Traveler омода шуда буд, Помир ба даҳгонаи минтақаҳои беҳтарини сайёҳӣ шомил шуд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ бошад, дар рӯйхати 14 макони ғайриодии собиқ ИҶШС барои истироҳат ҷой гирифт.

© Flickr \ Oleg BrovkoСайҳони хориҷӣ дар Помир (Бадахшон)
Иностранные туристы на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайҳони хориҷӣ дар Помир (Бадахшон)

"Ман қалбамро дар кӯҳҳои Фон мондам…."  

Замонҳои пеш Юрий Визбор чунин суруд месароид. Табиист, ки ин кӯҳҳо ба рӯйхати минтақаҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.

Дар ҳақиқат ҳам нафаре, ки як маротиба аз ин макон дидан кунад, ҳеч гоҳ онро фаромӯш нахоҳад кард. Кӯҳҳои Фон —марвориди Тоҷикистон ҳастанд, ин ҷо макони зебои кӯлҳои кӯҳӣ, қуллаҳои баланди барфпӯш, дар ин ҷо "панҷонаи машҳур"- Бодхона, Чапдара, Қалъа, Миралӣ ва Энергия ҷой гирифтаанд. Аз қуллаи Чимтарға, ки баландиаш 5489 метр мебошад, манзараи зебо ба қаторкӯҳҳо намоён мешавад.

Оромгоҳи геологи шӯравӣ Дионис Саркисович Воскерчян дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) - Sputnik Тоҷикистон
Аз Душанбе то Бадахшон: дар ҷустуҷӯи Воскерчян

Вале кӯҳҳои Фон бештар бо кӯлҳояш машҳуранд. Онҳо дар зебоӣ ҳамто надоранд. Аз ҳама машҳуртаринашон- куҳҳои Аловуддин буда, дар водии дарёи кӯҳии Чапдара ҷойгир аст.

Кӯли калонтарин —ин Қаракӯл бо оби шӯр мебошад, ки дар баландии 3914 метр ҷой гирифтааст. Нақл мекунанд, ки ин кӯл дар натиҷаи афтодани ҷирмҳои осмонӣ 25 миллион сол пеш аз ин  пайдо шудааст. Қутр (диаметр)-и он 45 км-ро ташкил медиҳад. Аз ҳама кӯли чуқуртарин бошад, кӯли Сарез аст, ки чуқуриаш то 500 метр мерасад.

Кӯли зеботарин кишвар бошад-Искандаркӯл ба шумор меравад. Ин кӯли "достон" аст, дар замонҳои қадим ҳатто Искадари Мақдунӣ дар ин макон будааст. Кӯл дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, чуқуриаш 72 метр мебошад.

— Куҳҳои Фон барои ҳаводорони сайёҳати кӯҳӣ хеле ҷолибанд. Ин макони дуюми машҳуртарини сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад, —мегӯяд Баҳриддин Исомуддинов. 

— Ин ҷо ҷойи сайёҳати пиёдаградӣ ва сайёҳати кӯҳнавардӣ мебошад. Кӯҳҳои Фон бо ҳавои офтобӣ ва мавҷудияти хатсайри мураккаб сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

© Flickr \ bernasovskyКӯли Аловуддин дар куҳҳои Фон
Алаудинские озера - Sputnik Тоҷикистон
Кӯли Аловуддин дар куҳҳои Фон

Аз паланги "Полвонтуғай" то "Буддо"

Яке аз маконҳои ҷолиби Тоҷикистон, ин водии Вахон, ки дар саргаҳи роҳи Абрешим ҷойгир аст, мебошад. Мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон"-и водии Вахш бошад, бо он маъмулу машҳур аст, ки маҳз дар ҳамин минтақа намуди нодири паланги "туғай" мавҷуд аст.

Имрӯз дар ин ҷангал намуди оҳу, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад- оҳуи бухороӣ зиндагӣ мекунад. Дар мамнӯъгоҳ намудҳои ҳайвонот, ки ба китоби сурхи байналмиллалӣ ва китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд: архари Помир, паланги барфӣ, хирси хокистаранги тёншон, муши туркистонӣ, ҷайра, гурба, як қатор паррандагон, намудҳои нодири моҳиҳо ва дигар намуди ҳайвонот нигоҳубин мешаванд.

Иқдоми “Шаб дар Осорхона": намоиш, мастер-класс ва мӯди нав

Дар шимоли Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, яке аз қадимтарин шаҳри Осиёи Марказӣ. Дар таърихи беш аз 2500-солаи худ ин шаҳр ҳодисаҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Бо лашкари  Искандари Мақдунӣ ва араб ҷангидааст, аз лашкаркашиҳои Чингизхон худро муҳофизат кардааст, бар зидди Русияи подшоҳӣ бархостааст.

Ин ҷо харобаҳои қалъаи Хуҷанд (асри 5-и пеш аз мелод) мавҷуд аст. Дар асрҳои миёна ин қалъа мустаҳкамтарин дар қаламрави Осиёи Миёна дониста мешуд.

Бо такя ба баъзе аз ривоятҳо дар ҳамин шаҳри дуюми бузургтарини кишвар замоне Хоҷа Насриддин зиндагӣ мекардааст. Имрӯзҳо Хуҷанд дар тамоми водии Фарғона бо бозори "Панҷшанбе" машҳур аст.

Аксари сайёҳон ба Истаравшан- шаҳри ҳунармандон сафар мекунанд. Дар ин шаҳри қадим аз дидани манзилҳои тамошобоб: масҷиди асри 16, ё ёдгории Шайх Муслиҳиддин кас лаззат мебарад.

Боз яке аз ёдгориҳои таърихӣ дар масофаи наонқадар дур аз пойтахт- Ҳисори Шодмон ҷой гирифтааст. Ин қалъаи Ҳисор мебошад, ки дар асри 13 сохта шуда, аз мадраса, осорхона ва майдон иборат аст. Ғафсии деворҳои қалъа зиёда аз 1 метр мебошад. Қалъаи Ҳисор дар давраҳои пеш яке аз маконҳои зисти амири Бухоро будааст.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон қалъаҳои Ҳулбук, Қаҳқаҳа, маъбади Аҷинатеппа, ёдгории Саразми Панҷакент, ки дорои таърихи беш аз 5 ҳазор сола аст, обҳои шифобахши Обигарм ва Гармчашма, водии Варзоб, ки ин ҷо минтақаи лижаронии "Сафедорак" ҷойгир аст, мавҷуданд.

Барои сайёҳоне, ки мехоҳанд бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос шаванд, тамошои осорхонаҳоро тавсия медиҳем.

Маҳз дар пойтахти кишвар дар осорхонаи таърихӣ пайкараи аз гил сохташудаи Буддо, ки дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад, ҷой гирифтааст.

Ин бузургтарин ҳайкал дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Дар бораи таъриху фарҳанги кишвар метавон аз осорхонаи ёдгориҳои таърихӣ ва этнографӣ маълумот пайдо намуд. Асарҳои пурқимати Фирдавсӣ, Саъдӣ, Абуалӣ ибни Сино дар китобхонаи ҷумҳуриявӣ ҷой гирифтаанд.

CC BY-SA 2.0 / Dan Lundberg / Пайкараи 13 метрии Буддо дар Осорхонаи Тоҷикистон
13-метровая статуя лежащего Будды (Будда в нирване) в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пайкараи 13 метрии Буддо дар Осорхонаи Тоҷикистон
Чӣ бояд хӯрд ва чӣ туҳфа харидан мумкин?

Сайёҳат бидуни тӯҳфа ва чашидани ғизоҳои болаззат шояд маъние надошта бошад.

Ҳангоми сафар ба Тоҷикистон бидонед, ки шумо метавонед бо худ  маҳсулоти дастисохт бубаред: шурӯъ аз либос ва косаю табақ то ороишҳои заргарӣ.

Вале дар навбати аввал Тоҷикистон бо қолибофӣ ва зардӯзӣ машҳур аст. Албатта, аз ин ҷо бо худ либоси миллӣ- ҷома, куртаҳои занона ва костюмҳо, ки мирӯзҳо натанҳо дар шарқ балки дар Аврупо низ маъмуланд, тоқиҳо ва дигар намуди куртаҳоро бигиред.

Аз Тоҷикистон метавон қолиҳои деворӣ,  "сузанӣ", ҳарири "рӯйҷо" ва дастархон, ки аз ҷониби занони маҳаллӣ дастсоз дӯхта мешаванд бо худ бурд. Занон албатта бо худ гӯшвораҳои нуқрагин, ангуштаринҳо бо сангҳои қимматбаҳоро бояд дошта бошанд.

Бе табақи чӯбӣ аз Тоҷикистон баргаштан хандаовар менамояд. Ин табақ бароятон солҳои зиёд хизмат карда, дар он ғизо болаззаттар мегардад. Ба ин шумо метавонед ҳангоми чашидани ғизоҳои миллӣ муътақид шавед.

Вале Тоҷикистон ин қабл аз ҳама ватани оши палов аст. Дар ин ҷо зиёда аз 400 намуди тарзи тайёр намудани ош маъмул аст.

Ғизои дигари миллӣ ин қурутоб мебошад, он ҳам хеле хӯроки серғизо аст. Шӯрбои аз растаниҳо омодашуда- сиёҳалаф барои нури чашм ва узвҳои ҳозима бисёр муфид аст.

Сихкабоб дар Тоҷикистон гапи дигар аст. Онро метавон дар ҳар қадам вохӯрд. Вале аз ҳама сихкабоби болаззатро дар шимоли кишвар истеъмол кардан мумкин аст.

Намудҳои дигари сихкабоб бо иловаҳои растанӣ чун "кабоб" дар Тоҷикистон хеле маъмуланд. Ҳама намуди ғизоҳо бо пиёзи сабзу кабудӣ истеъмол мешаванд.

Аз байни ғизоҳои обӣ аз ҳама маъмулаш шӯрбо мебошад, ки аз гӯшти барра бо иловаи растаниҳо омода мешавад. Ҳамчунин "угро", ки аз лапша ва гӯшт тайёр мешавад, "шавла" аз биринҷ омода мешавад ва тушбера дар кишвар маъмуланд.

Ҳамчунин дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ намуди ғизои "самбӯса" мақоми худро дорад. Ва албатта бо ҳамаи ин  хӯрокҳо чойи сабзи тоҷикӣ, ки ҳаловати тану ҷон аст нӯшида мешавад. Чойро бояд дар ҳалқаи дӯстон  нӯшид. Ва ҳангоми баргаштан албатта лимуро фаромӯш накунед. Лимуҳое, ки дар Тоҷикистонанд дар ягон минтақаи дунё нестанд, бовар надоред?

Биёед ва худ бичашед!

Лентаи хабарҳо
0