Омӯзгорони доғистонӣ мехоҳанд донишомӯзони тоҷикро савод биёмӯзонанд

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские школьники
Таджикские школьники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доғистон гурӯҳе аз омӯзгоронии забони русӣ, риёзӣ, улуми роёна, зистшиносӣ, физика ва кимиёро ба Тоҷикистон мефиристад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Доғистон гурӯҳе аз омӯзгоронро барои як сол ба Тоҷикистон мефиристад.

Бино ба санаде, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, Вазоарти омӯзишу парвариши Доғистон гурӯҳе аз омӯзгорони забони русӣ, риёзӣ, улуми роёна, зистшиносӣ, физика ва кимиёро ба мактабҳои Тоҷикистон хоҳад фиристод.

Учебник по русскому языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Русия омӯзгор "ворид" мекунад

Довталабони доғистонӣ бояд на камтар аз 5 сол омӯзгорӣ карда бошанд. Омӯзгорон барои як сол ба Душанбе эъзом мешаванд ва дар сурати муваффақият метавонанд қарордоди худро тамдид кунанд.

Бар асоси қарордоди дуҷониба, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгоронро хонаву дар ва моҳиёна 14 ҳазор рубл ҳуқуқ бидиҳад. Русия низ ин омӯзгоронро бима хоҳад кард ва моҳиёна 60 ҳазор рубӣӯл ҳуқуқ хоҳад дод.

Коргумории омӯзгорони русӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни дидори раҳбари Доғистон аз Душанбе дар моҳи майи имсол амалӣ мешавад. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, афзоиши шумораи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими равобити илмиву фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.

Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост карда буд, ки барои мактабҳояш омӯзгорони забони русӣ бифристад.

Лентаи хабарҳо
0