Тоҷикистон аз Русия омӯзгор "ворид" мекунад

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкУчебник по русскому языку. Архивное фото
Учебник по русскому языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ, физик, риёзӣ, кимиё, зистшиносӣ ва улуми роёнаро аз Русия ба кор мегуморад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия барои коргумории омӯзгорони русӣ дар омӯзишгоҳҳои миёнаи тоҷикӣ музокира доранд.

"Музокироти вазоратҳои омӯзишу парвариши Тоҷикистону Русия дар мавзуъи коргумории омӯзгорони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ идома доранд", — хабар медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА" ба нақл аз Вазорати маъорифу илми Тоҷикистон.

Бино бар ин гузориш, қарор аст намояндаҳои вазорати омӯзишу парвариши Русия барои идомаи музокирот ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Доғистон - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Раҳмон бо Абдулатипов: доғистониҳо тоҷиконро забонӣ русӣ ёд медиҳанд

Гуфта мешавад, ки барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ, физик, риёзӣ, кимиё, зистшиносӣ ва улуми роёна ба кор гирифта мешаванд. Довталабон бояд на камтар аз 5 сол омӯзгорӣ карда бошанд.

Бар асоси қарордоди дуҷониба, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгоронро хонаву дар ва моҳиёна 14 ҳазор рубл ҳуқуқ бидиҳад. Русия низ ин омӯзгоронро бима хоҳад кард ва моҳиёна 60 ҳазор рубӣӯл ҳуқуқ хоҳад дод.

Коргумории омӯзгорони русӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни дидори раҳбари Доғистон аз Душанбе дар моҳи майи имсол амалӣ мешавад. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, афзоиши шумораи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими равобити илмиву фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.

Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост карда буд, ки барои мактабҳояш омӯзгорони забони русӣ бифристад.

Лентаи хабарҳо
0