ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, сафари ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 — солагии барқароршавии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия рост меояд, таконбахши рушди равобити ҳасана дар замону арсаҳои нав, арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки Русия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвари мо наздики 30 фоизро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот имконияти иштироки ҷониби Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ба манфиати ҳарду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, муҳокима карда шуд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, инчунин сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардид.