Фарозу нишеби равобити Тоҷикистону Эрон: чорае ҷуз беҳбуд нест

© Фото : Хадамоти матбуотМузокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат 10.09.2014
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар Қасри Миллат 10.09.2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду сол боз рӯ ба сарду тира шудан ниҳодаанд. Sputnik Тоҷикистон фарозу нишеби равобити ду кишварро пайгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Баста шудани ройзании фарҳангӣ ва намояндагии бозаргонии сафорати Эрон дар шаҳри Хуҷанд бисёре аз коршиносонро водор ба бозандешӣ дар ояндаи равобити Тоҷикистону Эрон кард.

Sputnik Тоҷикистон фарозу нишеби равобити ду кишварро пайгирӣ кард.

Фарозу гармӣ

Тоҷикон ва эрониҳо ду миллате ҳастанд, ки аз як мардум падид омадаанд. Эрон нахустин кишваре буд, ки дар соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар соли 1992 дар шаҳри Душанбе боз кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Э. Раҳмон ба Руҳонӣ: ҶТ муносиботро бо Эрон дар асоси баробарҳуқуқӣ ба роҳ мемонад

Аз он пас равобити ду кишвар рӯ ба пешрафт ниҳода ва хуб густариш меёфтанд. Чунончи, Эрон дар сохтани созаҳои муҳимме чун нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи барқобии "Сантӯда-2" бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карда ва 250 милюн дулор барои иҷрои ин тарҳҳо сармоягузорӣ кардааст.

Нишебу сардӣ

Вале дар поёни соли 2015 дар паи ширкати раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ва дидору мулоқоташ бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, равобити Тоҷикистону Эрон рӯ ба сардӣ ниҳод. Давлати Тоҷикистон, ки пеш аз он Муҳиддин Кабириро муттаҳам ба омодасозии кудето карда ва ҲНИТ-ро созмони теруристӣ хондаву фаъолияташро қонунан мамнуъ карда буд, давлати Эрон муттаҳам ба пуштибонӣ аз кудетогарон ва ҳизби теруристӣ кард. Аммо на давлати Эрон ва на Кабирӣ ва ҲНИТ ҳаргиз ин иттиҳомотро напазируфтанд.

Дар паи ин дидор Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро эҳзор карду номаи эътироз ба ӯ дод. Ҳамчунин воридоти колоҳои эрониро "ба далели кайфияти поин" мамнуъ, шаҳрвандони Эронро аз дарёфти раводид дар фурудгоҳ маҳрум ва фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайниро қатъ кард.

Аз дигар сӯ, Эрон низ Бонки миллии Тоҷикистонро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо Бобак Занҷонӣ дар пулшӯӣ кард. Сипас Тоҷикистон корхонаи муштараки тракторсозии "Тоҷ-Ирон"-ро таътил кард, ки 51 дарсад аз саҳомаш моли Эрон буд.

Тоҷикистон ҳамчунин бо пайвастани Эрон ба Созони ҳамкории Шонгҳой шадидан мухолифат дорад ва Теҳронро муттаҳам мекунад, ки бо паноҳ додан ба раҳбарону ҳамвандони ҲНИТ ва теруристӣ нашинохтани он созмон, кӯшиш дорад бунёди ҳукумати кунунии Тоҷикистонро сусту ларзон кунад.

Вале пас аз пайвастани Ҳинду Покистон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой дар нишасти ахири ин созмон дар Остона, узвияти Эрон дар ин созмон низ амре қарибулвуқуъ дониста мешавад ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чорчӯби ин созмон ногузир аст.

Эрон дар соли 2017 амалан аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон даст кашид. Гардиши коло миёни ду кишвар аз 292 милюн дулор дар соли 2013 то 114 милюн дулор дар соли 2016 коҳиш ёфт.

Пайомадҳои ихтилоф миёни Душанбе ва Теҳрон

Эҳтимоли ин ҳам кам нест, ки дар паи баста шудани намояндагиҳои маҳаллии Эрон дар Тоҷикистон сатҳи равобити сиёсии ду кишвар то ҳадди кордорон ба ҷои сафирҳо коҳиш ёбад. Ҷолиб аст, ки сохтмони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба зудӣ тахриб мешавад ва дар ҷояш муҷтамеъе барои ниҳодҳои қонунгузор ва иҷроӣ сохта мешавад. Тоҷикистон барои сохтани ин муҷтамеъ аз Арабистони Саъудӣ 200 милюн дулор эътибор дарёфт кардааст.

Бархе аз коршиносон яке аз далоили сарду тира шудани равобити Тоҷикистону Эронро афзоиши нуфузу таъсири Арабистони Саъудӣ дар ин кишвар медонанд.

Тоҷикҳо бо эрониён ҳамтабору ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин ҳастанд ва таваҷҷуҳи Эрон ба Тоҷикистон, ки бахше аз ҷаҳони эронӣ аст, комилан қонунманд ва дарёфтанист. Аммо Арабистони Саъудӣ кӯшиш дорад ихтилофоти геополитикии худ бо Эронро ба сарзамини Тоҷикистон бикашонад ва талош дорад бо сармоягузориву эътиборҳо шарики табиъии геополитикии Теҳронро ба сӯи худ бикашад. Чунончи, подшоҳии саъдӣ эълом карда, ки омода аст дар сохтусози нерӯгоҳи Роғун ҳамкорӣ кунад ва ҳамчунин 35 милюн дулор барои сохтани мактабҳо дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки Арабистони Саъудӣ дар ҷанги ниёбатӣ бо Эрон дар Сурияву Ироқу Яман шикаст хӯрда ва дар буҳрони Қатар низ кам овардааст. Вале ихтилофоти саъудиву эронӣ дар Тоҷикистон пайомадҳои бисёр манфиеро барои тоҷикон ба бор хоҳанд овард. Зеро тоҷикон, ки аз як сӯ бо эрониён ҳамнажод ҳастанд ва аз дигар сӯ бо арабҳо ҳамдин, дар миёнашон аз ҳар ду сӯ осеб хоҳанд дид.

Аммо ин эҳтимол низ кам аст, ки Арабистони Саъудӣ битавонад ҷои Эронро дар Тоҷикистон бигирад. Зеро афзоиши нуфузи Арабистони Саъудӣ дар Осиёи Марказӣ бо манофеъи Русия ва Чин, ки муҳимтарин шарикони иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон ва муттаҳидони Эрон ҳастанд, муғойир аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Тоҷикистону Эрон чорае ҷуз беҳбуди равобиташон надоранд, зеро афзун бар дигар авомил, Тоҷикистон наметавонад аз чорчӯби тарҳҳои ҳамгироии Русия ва Чин берун равад ва Эрон ҳам дар ин тарҳҳо шарик аст.

Лентаи хабарҳо
0