Э. Раҳмон ба Руҳонӣ: ҶТ муносиботро бо Эрон дар асоси баробарҳуқуқӣ ба роҳ мемонад

© Фото : Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол карда, барои идомаи ҳамкориҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ изҳори омодагӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дирӯз 20 май, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари феълии Эрон, ки бо гирифтани бештари овозҳо дар интихобот пирӯз шуда, бори дигар симмати президентиро гирифт,  мактуби муборакбодӣ равон кардааст.

Дар номаи шодбошӣ аз ҷумла омадааст:

Ҳасан Руҳонӣ ва Дмитрий Медведев. Акс аз дафтари раёсатҷумуҳрии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: ҳамкориҳои Эрону Русия дар раванди суботу амният муъассир ҳастанд

"Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумо табрикоту тамманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба роҳ мондаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар — дар оянда низ талош варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Эрон — сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам".

Лентаи хабарҳо
0