ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ҳодиса 30 июн тахминан соати 17:30 дар роҳи Конибодом-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мазда 350", сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом ба шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофир, марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаааст.
Мусофири дигар марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.