ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуии Кумитаи ҷавонон, маросими ифтитоҳи сабқат рӯзи 29 июн, дар толори варзишии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шудааст.
Мусобиқа бо сабқати тимҳои ҷавондухтарони вилоятҳои Хатлону Бадахшон оғоз шуда, панҷ рӯз идома хоҳад кард.
Дар маросими ифтитоҳ Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳозиринро хайрамақдам гуфта, Нуралӣ Одинаевро ба муносибати 80-солагияшон табрик намудааст ва ба варзишгарон муваффақият таманно кардааст.
Ҳамчунин, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон аз номи раиси кумита, Аҳтам Абдуллозода барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳайёти солим ва рушди варзиши кишвар ба соҳибҷашн ифтихорнома супоридааст.
Гуфта мешавад, ки намояндаи ВМКБ ифтихорнома ва арзу сипоси Шодихони Ҷамшед, раиси вилоятро ба Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба воя расонидани шогирдони муваффақ дар соҳаи варзиш ва тарбияи насли солим супурдааст.
Дар маросими ифтитоҳи сабқат Абдулло Маҳмадализода, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиш баромад карда гуфтаас, ки шумораи дастаҳои иштирокчӣ барои дарёфти ҷоми Нуралӣ Одинаев сол аз сол меафзояд.
"Ин мусобиқа ҳамасола гузаронида мешавад ва имсол ба 80-солагии соҳибҷом-Нуралӣ Одинаев ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ рост омад. Баҳри анъанавӣ гардонидани ин мусобиқа Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш корҳои зиёдеро анҷом додаи стодааст ва сол аз сол шумораи дастаҳои иштирокчӣ зиёд мешавад", — гуфтааст Абдулло Маҳмадализода.