Раъду барқ шаҳрванди Тоҷикистонро дар Маскав кушт

© Sputnik / Vladimir AstapkovichГроза в Москве
Гроза в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон дар паи зарби раъду барқ дар ҳудуди деҳоти Лоринои Маскави Нав дар бемористон ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Расонаҳои русӣ бо такя ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз марги шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Рӯзи ҷумъа ба сари  Маскав борони шадид ва раъду барқу жола рехт.

Манбаъ меафзояд, ки тақрибан соати 15:30 ба вақти Маскав, гурӯҳи муҳоҷирон дар Маскави Нав зери борон ва зарби раъду барқ мондаанд.

"Чунонучи, шаҳрванди Узбакистон, марди 42-сола дар ҷои ҳодиса ҷон дода, шарикаш аз Тоҷикистон, марди 49-сола дар бемористон вафот кардааст".

Бояд гуфт, ки Кумитаи наҷотдиҳии Маскав имрӯз ҳам аз номусоидии боду ҳаво, шамоли сахт ва бориши борони сел ҳушдор додааст.На Москву.#Москва #ураган #шторм #ливень pic.twitter.com/zZM6bukEgS

​ 

Лентаи хабарҳо
0