ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанг, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҳузури иштирокчиёни озмун ва ҳайати доварон ғолибонро бо пирузӣ табрик гуфта, онҳоро бо мукофот қадр кард.
Ин озмунро Вазорати фарҳанг ташкил кардаву муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки дар тараннуми Ваҳдат асарҳои нав эҷод кардаанд дар он ширкат карданд.
Муаллифон асарҳои худро то 1 июн ба Вазорати фарҳанг пешниҳод кардаанд.
Ҳайъати ҳакамон бо роҳбарии раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар равияи наср муаллифони зеринро бо мукофотҳои Вазорати фарҳанг сазовор донистанд: Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин ва Шералӣ Мустафоқулов.
Дар равияи назм Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ ғолибият ба даст оварданд.