Нашуд: Амниятиҳо наметавонанд бе иҷоза ба хонаҳои мардум ворид шаванд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкОперация правоохранительных органов в Бишкеке
Операция правоохранительных органов в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пазируфтанд, ки қонуни тасвибкардаашон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунад

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунеро, ки дар соли 2016 ислоҳ кардаву барои тасвиб ба Маҷлиси миллии ҶТ фиристода буданд, куллан лағв карданд.

Бино ба ислоҳоте, ки дар пешнависи Қонуни фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ ворид карда буданд, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳаққ доштанд ҳар гоҳе ниёз дошта бошанд, бе иҷозати соҳибхона ё ниҳодҳои додгустарӣ ба хонаҳои шаҳрвандон ворид шаванд.

Вале Маҷлиси миллии Тоҷикистон ин пешнависро тасвиб накард ва боз пас ба Маҷлиси намояндагон фиристод то бознигарӣ шавад. Зеро дар пешнависи қонун рӯшан нашуда буд, ки кай ва дар чигуна шароите кормандони КДАМ метавонанд бе иҷоза вориди хонаҳои мардум шаванд.

Намояндагони маҷлис пазируфтанд, ки додани ҳаққи вуруд ба хонаҳо ба КДАМ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро нақз мекунад, бино бар ин ислоҳоти воридкардаашонро лағв карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар паи пешниҳоди ин пешнависи қонун аз Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ, шаҳрвандон ва коршиносон баҳсе доманадор роҳ андохта буданд. Аксари шаҳрвандон аз тасвиби ин қонун нигаронӣ карда буданд, аммо бархе аз коршиносон мегуфтанд, ин қонун ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон тасвиб хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0