ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Коршинос мегӯяд, ки ҳангоми дидани мор аз муҳимтар аз ором будан аст.
"Одам дар лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан бо мор бояд ором бошад ва ба мор нигоҳ кунад. Ҳаргиз рӯятонро аз мор бар натобед ва надавед ",- ҳушдор медиҳад моргир.
Мор худ аз инсон метарсад, аз ин рӯ метавон нарм-нарм аз назди мор дур шуд.
Агар касеро мори заҳрдор газад, дар ҷои нешаш ду сурох пайдо мешавад. Эҳтимол дорад, ки моргазида беҳуш шавад, вале на аз заҳри мор, балки аз зарби тарс.
Нахустин коре, ки моргазида бояд анҷом диҳад, хӯрдани об аст ва бояд бисӯр об нӯшад.
Ҳангоми дучор шудан бо мор бояд наҷунбид ва ё нарм-нарм ҳаракат кард. Аммо агар касеро мор бигазад, бояд то расидан ба бемористон беҳаракат бихобад.
Ин моргири пешакор аз шунавандагон хост, ки морҳоро накушанд, балки аз вуҷудашон ба моргирони ҳирфаӣ хабар диҳанд.