Ӯлмас Ҷамол- шоири машҳури Тоҷикистон ва Узбакистон вафот кард

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкТраур по погибшим пассажирам самолета Ту-154
Траур по погибшим пассажирам самолета Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 27-уми июн дар дар синни 84-солагӣ шоири машҳури Тоҷикистону Узбакистон Ӯлмас Ҷамол вафот кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ӯлмас Ҷамол- шоир ва рӯзноманигор, ки бо навиштани шеърҳои ширу шакар ҳам дар Тоҷикисон ва ҳам дар Узбакистон машҳур гашта буд, рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Душанбе дар синни 84-солагӣ вафот кард.

Ӯлмас Ҷамол  17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи "Регар" (Турсунзода), корманди шуъбаи узбакии радиои тоҷик будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи "Совет Тоҷикистони" (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Маҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: "Чашмаи муҳаббат" (1969), "Гӯш ба дил" (1973), "Даъват ба дуродур" (1978), "Дар васфи Офтоб" (1980), "Фасли накукорӣ" (1984), "Эҳсос" (1985), "Ситораи орзу" (1988), "Гули ороста" (1988), "Дӯстнома" (2001), "Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт" (2002), "Сарҳисоб" (2002), "Як нигоҳ" (2002).

Соли 1986 дар Маскав китоби русияш "Писари Офтоб" аз чоп баромадааст.

Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику узбак месароянд.

Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтиро ба узбакӣ тарҷума кардааст.

Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Соли 1999 бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардидааст.

Ӯлмас Ҷамол аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Лентаи хабарҳо
0