Аммо ба гуфтаи коршинос ин изҳорот роҳи беҳтар кардани иқтисоди кишвар нест.
"Ин қонуни пойдори иқтисодиёт аст: ҳар андоза шаҳрвандон бештар коло харид кунанд, ҳамон андоза тавлидот бештар мешавад, ҳамон андоза, ки тавлидот бештар шавад, ҳамон андоза вазъи иқтисоди кишвар ва зиндагонии мардуми он беҳтар мешавад. Лекин ҳоло мардумро аз хӯроки хушмазза хӯрдан манъ мекунанду наврасонро аз харҷ барои маросими хатми мактаб. Бо мамнуъ кардан наметавон вазъро тағйир дод", — мегӯяд собиқ раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов.
Ба гуфтаи вай, талабот он вақт зиёд мешавад, ки беҳзистии мардум зиёд шавад.
Аз як иқдоми дигари ҳукумати Тоҷикистон бояд ёдовар шуд, ки бо тавсиби қонуне мансабдорон муваззаф шудаанд даромади худ ва хешовандонашонро ошкор кунанд.
Вакилони Маҷлиси олӣ дар моҳи июл пешнависи тарҳи ислоҳи қонуни изҳори иҷбории даромадҳои кормандони ҳукумат ва хешовандонашонро баррасӣ хоҳанд кард.
Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев фарохони вакилон ба ҷаласаро имзо кардааст.
Маҷлиси намояндагон Қонуни изҳори ҳатмии даромадҳоро дар моҳи май ислоҳ карда буд.