Э.Раҳмон Туркияро ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват кард

© Flickr \ Официальный сайт президента РТПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби сарвазири Туркия вохӯрда, ҷониби Туркияро ба бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодиии ҶТ даъват кард

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Душанбе вохӯриираисҷумҳур бо ноиби сарвазири Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш вохӯрд.

Гуфта мешавад,ки дар рафти сӯҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта.

Барои ҷалби сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Шаҳри Истамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Акси Раҳмон ва Ӯрдуғон рӯи ҷилди маҷаллаи “Тоҷикистон” дар Туркия

Таъкид шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд ва дар айни замон зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра раванди ин ҳамкориҳоро танзим менамояд.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат новобаста аз таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузаронидани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардонидани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод шуд.

Иқтисоди берунаи Тоҷикистон
Иқтисоди берунаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоди берунаи Тоҷикистон

Лентаи хабарҳо
0