Алишер Усмонов дар Тошканд Маркази фарҳанги исломӣ бунёд мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинои асосии марказ дар ҳудуди маҷмааи ёдгории “Ҳазрати Имом”, ки дар он Масҷиди марказии Тошканд қомат афрохтааст, бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июн —Sputnik. Сарватманди узбактабори муқими Русия Алишер Усмонов дар бунёди Маркази фарҳанги исломӣ дар Тошканд сармоягузорӣ мекунад.

Ин аллакай дуввумин иншоотест, ки дар бунёди он Алишер Усмонов саҳмгузорӣ мекунад. Овохири моҳҳои май ин сарватманд сармоягузории  минтақаи гардишгариеро дар Бухоро ба ӯҳда гирифта буд.

Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев нахустин сухангӯяшро таъйин кард

Бинои асосии Маркази фарҳанги исломӣ, аз ҷумла китобхона ва осорхона дар маркази Тошканд назди маҷмааи "Ҳазрати Имом", ки он ҷо Масҷиди марказии Тошканд низ ҷойгир шудаст, сохта мешавад.

Дар ин бора қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев имзо шудааст.

Тавре дар қарори раисҷумҳури Узбакистон қайд мешавад, дар  марказ тадқиқотҳо дар бораи уламои узбакистонӣ  бурда мешавад, ки он дар рушди дини ислом саҳми калоне хоҳад гузошт.

Лентаи хабарҳо
0