ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев Асад Хоҷаевро сухангӯи расмии ниҳоди раёсати ҷумҳурии кишвар таъйин кард.
Сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ намояндаи расмии давлат, ҳукумат ва раисҷумҳур аст, ки дар бораи барномаҳову амалкарди раиси ҷумҳурӣ ба расонаҳо ва ҷомеъа иттилоърасонӣ мекунад.
Бинобар иттилоъи сомонаи gazeta.uz, пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон дар соли гузашта, раисҷумҳури он кишвар намояндаи расмӣ — сухангӯ надошт.
Асад Хоҷаев то таъйин шуданаш дар ин симат раҳбарии дастгоҳи иҷроии нахуствазир Абдулло Ориповро бар уҳда дошт ва пеш аз он раиси Китобхонаи миллии Узбакистон буд. Вай ҳамчунин мудири Ожонси моликияти зеҳнӣ, муовини мудири кулли Ожонси иртиботот ва иттилоъоти Узбакисатон низ буд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати ҷумҳурии Узбакистон қабулгоҳи маҷозие роҳандозӣ карда, ки шаҳрвандон ба воситаи он метавонанд ба раисҷумҳури кишвар дархост, пешниҳод ва шикоятҳояшонро равон кунанд.
Мирзиёев ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар ҳар як ноҳия ва шаҳри кишвар қабулгоҳҳои мардумӣ ташкил карда шаванд.