Ифтитоҳи роҳ ва тақдми ҳуҷра: иқдомҳои шаҳрдории Душанбе дар остонаи Рӯзи Ваҳдат

© Фото : Дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеРаиси шаҳри Душанбе ҳини ифтитоҳи бинои истиқоматӣ
Раиси шаҳри Душанбе ҳини ифтитоҳи бинои истиқоматӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ба 20 хизматчии ҳарбӣ калиди ҳуҷраҳои истиқоматӣ супурда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн —Sputnik. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, дирӯз дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ раиси шаҳри Душанбе  Рустам Эмомалӣ ба ифтитоҳи  як силсила иншоот ва роҳҳои автомобилгарди пойтахт  замина гузошт.

Тибқи ахбори манбаъ, нахуст бо иштироки раиси шаҳр  дар маҳаллаи Гипрозем бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар фазои идона ба 20 хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва узви оилаҳои онҳо калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зист супурда шуд.

Встреча узбекской правительственной организацией с Рустамом Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорат ва гардишгарӣ: дидори Рустам Эмомалӣ бо ҳайъати Узбакистон

Бинои мазкур аз як даромадгоҳи асосӣ ва хонаҳои як, ду ва се ҳуҷрагӣ иборат буда, дар он 20 манзили истиқоматӣ мавҷуд мебошад. 

Худи ҳамон рӯз шаҳдори Душанбе,  расман ба ифтитоҳ ва баҳрабардории қитъаи роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз  кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст,  ибтидо гузошт.

Николай Камка - Sputnik Тоҷикистон
Муҷрии "Хӯрок, дӯстат дорам" аз роҳҳои Тоҷикистон шикоят кард

Тибқи гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар азнавсозии ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба субут расондаанд.

"Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд",- гузориш медиҳад шаҳрдорӣ.

Лентаи хабарҳо
0