Муҷрии "Хӯрок, дӯстат дорам" аз роҳҳои Тоҷикистон шикоят кард

© Фото : InstagramНиколай Камка
Николай Камка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи муҷриёни рус "маззаи" Тоҷикистонро чашида дар бораи таассуроти худ аз ватани тоҷикон ба Sputnik Тоҷикистон нақл карданд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Чанде қабл гурӯҳи телешоуи маъруфи ҷаҳонгардии "Еда,я люблю тебя" (Хӯрок, дӯстат дорам) ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид карданд. Муҷриёни рус-Владимир Дантес, Эдуард Матсаберидзе ва Николай Камка натанҳо хӯрокҳои миллии тоҷиконро чашиданду омода карданд, балки бо фарҳангу мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шинос шуда, ҳатто аз роҳҳои кишвар шикоят карданд.

Ба саволи оё Тоҷикистон ба шумо писанд омад, Николай Камка посух дод, ки барномаи мо "Хӯрок, дӯстат дорам"!-ба ин кишвар бисёр мувофиқ аст.

"Писанд омад гап нест! Беҳад хуш омад, ана ин ҷавоб аст!",-мегӯяд бо шухӣ ҳамсӯҳбат.

 

Камка мегӯяд, ки хӯрокҳои милли тоҷикон ба ӯ хеле писанд омадааст.

"Сарфи назар аз он, ки гоҳе хоҳиши чашидани хӯроки ғайриоддиро дорӣ, вале асосан хӯрокҳои классикӣ буданд",-шарҳ медиҳад Камка.

Ба қавли гурӯҳи наворбардорон сокинони маҳаллӣ муҷриёни русро хуш қабул карданд ва ҳар сеи онҳоро шинохтанд.

 

Николай мегӯяд, ки беш аз ҳама ба ӯ нони тоҷикӣ писанд омад, ки онҳо шабона дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тановул карда буданд.

"Онҳо хело болаззат буданд. Мо бошем беҳад гушна. Ҳамааш рост омад",-мегӯяд бо шухӣ Николай.

 

Табиати Тоҷикистон Николайро бетафовут нагузошт.

"Мо шабона аз роҳҳои кӯҳистонӣ (минтақаҳое, ки наонқадар роҳҳои суфта доранд) сафар кардем. Кӯҳҳои сарбафалаки барфпӯш касро ҳайратзада мекунад. Фикр мекунам, мушкили роҳтаъмиркунон дар ҳамин аст. Роҳсозон барои таъмири роҳ омада ин табиати зеборо мебинанду ҳушашон меравад. Онҳоро айбдор намекунем, вале роҳҳоро бояд таъмир кард", —мегӯяд Камка.

Сафари ин гурӯҳ бидуни моҷаро нагузашт. Онҳо мегӯянд, ба Тоҷикистон бо роҳи мошингард савори автобус аз Узбакистон ворид шуданд.

"Гап сари ин ки ронандаи мо роҳро намедонист. Ӯ  на ба худаш ва на ба мо намехост иқрор шавад",-ба ёд меорад Камка.

 

Дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ низ аз таассуроташон нақл карданд. Масалан ба продюсери телешоу ошхонаи Pilav BNDS беҳад писанд афтодааст.

"Дар воқеъ бори аввал мо дар Душанбе ҷои бисёр хуб пайдо кардем. Ин ошхона дар воқеъ хуб аст. Зебогиҳои маҳаллӣ дар пешниҳоди модерн. Дар ин ошхонӣ мешавад, оши палав, мантуи худихтироъ ва намуди ғайриоддии лағмонро тановул кард. Ҳамчунин ин ҷо метавон ашхоси эҷодкор-элитаи ҷавони Душанбе вохӯрд  ва шомгоҳон навои хуби мусиқиро гӯш кард",-навиштааст Анна дар саҳифаи фейсбуки худ.

Муҷрии барнома-Владимир Дантес Душанберо шаҳри зуд тағйирёбанда ва рушдкунанда номидааст.

 

"Маркази шаҳр замонавӣ аст. Мардуми ин ҷо бисёр меҳрубонанд ва фикрҳои ҷойдошта дар бораи Душанбе дар як ҳин чун манзили кортӣ нобуд мешаванд. Кӯтоҳ карда гӯям, ба ман бисёр писанд аст",-навиштааст ӯ.

 

"Еда, я люблю тебя" (Хӯрок, дӯстат медорам),-барномаи ҷаҳонгардӣ ва омода кардани хӯрокҳост, ки тамошобинонро бо таомҳои миллии кишварҳои гуногун шинос мекунад.

Лентаи хабарҳо
0