ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бадбиниву душмании марговар дар як хонавода иттилоъ медиҳад.
Бино ба гузориши вазорат, зане дар ноҳияи Панҷ аз сари бадбинӣ нисбат ба хешовандони шавҳараш чанд бор онҳоро заҳр хӯронда аст, ки дар натиҷа 2 тан аз онҳо ҷонашонро бохта ва 20 кас сахт заҳролуд шудаанд.
Чунончӣ, ин зан бори нахуст дар соли 2014 барои хешовандонаш қурутоб омода карда онро бо доруи ҳашаракуш заҳролуд мекунад.
"Пас аз хӯрдани қурутоб бародари шавҳараш — марди 39-сола, ҳамсари ӯ — зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола ва 4-сола, бародарзодаашон ҷавони 19-солаи сокини Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардидаанд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Аз он пас он зан кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 хамири нонро бо доруи ҳашаракуш олуда кардааст. Дар паи хӯрдани нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии Панҷ бистарӣ гардида, духтарчаи 4-солаашон дар ин бемористон дар гузаштааст.
Он зан аз ин ҷиноят ҳам қонеъ нашуда, ҳамон рӯз барои маросими серӯзагии тағои шавҳараш 20-то кулча пухта, ки он ҳам бо доруи ҳашаракуш заҳролуд будааст.
Касоне, ки аз кулчаҳо хӯрда буданд — зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар бемористони Қӯрғонтеппа бистарӣ шудаанд.
Барои бозҷӯии ҷиноёти ин зани муттаҳам парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 Қонуни кайфарии ҶТ оғоз шудааст.