Занони Норак Сафири Амрикоро ба рақс дароварданд

© Фото : Пресс служба посольства США в ТаджикистанеСафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи обрасонӣ занони деҳа ба рақс баромада, аз хонум Миллард даъват намуданд, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунад

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Имрӯз Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими  ифтитоҳи системаи нави обрасонӣ дар деҳаи Далдахурони ноҳияи Норак иштирок кард.

Дар рафти чорабинӣ занони деҳа ба рақс баромада, аз хонум  Миллард даъват намуданд, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунад.

Ҳамин тавр, Сафир бо занон якҷоя таҳти мусиқии миллӣ рақси тоҷикӣ иҷро кард.

Системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи мазкури Норак  дар доираи Лоиҳаи USAID тарҳрезӣ ва бунёд гардидааст.

Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ ба таҳкими зарфияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати беҳтар таъмин намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ба хусус, таъмини оби тозаи нӯшокӣ) таваҷҷўҳи умда зоҳир менамояд.

Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи мазкур, барои мусоидат намудан ба иштироки фаъоли шаҳрвандон дар қабули қарорҳои ҳукумати маҳаллӣ, чораҳо андешида мешаванд.

То имрӯз, дар доираи лоиҳа 13 системаи обтаъминкунӣ дар саросари ҷумҳурӣ насб карда шудаанд, ки 34053 нафар аҳолиро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0