Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: собиқ раиси Исфара муовини раиси Спитамен таъин шуд

© Sputnik / Фируз УмарзодаФонтан возле памятника Рудаки в Худжанде. Архивное фото
Фонтан возле памятника Рудаки в Худжанде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даврон Зоҳидзода бо розигии раисҷумҳур 12 июн ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи мақомоти вилояти Суғд дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори раиси ноҳияи Спитамен, Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ин ноҳия таъин шудааст.

Даврони Зоҳидзода 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафи занони вазифадор меафзояд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Солҳои 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор, иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1993-1996 ҳамчун омӯзгори фанҳои техникии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз кард.

Солҳои 1996-2001 дар вазифаи раиси Маркази ташаббуси ҷавонони "Иттифоқ" шаҳри Хуҷанд адои хазмат кардааст.

Солҳои  2001-2003 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд буд.

Аз 2003 то 2004 муовини аввали роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва аз соли 2004 то 2006 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд фаъолият кардааст.

Аз соли 2006 то 2011 раиси ноҳияи Ашт буда, аз соли 2011 то 2013 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд будааст.

Аз соли 2013 то 2016 ба ҳайси раиси шаҳри Исфара фаъолияти меҳнатӣ кардааст.

Аз 12 июни соли 2017 бо розигии раисҷумҳур ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0