ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳамин тавр бо фаромни президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон таъин гардида, Набизода Мадина Раҳмат директори мактаби президентӣ таъин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
"Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ — муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Мадина Раҳмат — директори муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд",-омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд" ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонунзода Шодигул Худобахш директори муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" таъин шуд.
Ҳамчунин Муинӣ Мавсума Муинзода бо фармони президенти Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.