ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз интишори китоби дигаре дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст.
Бино ба гузориши ин ниҳод, интишороти "Истеъдод" ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ китоби "Ваҳдат, Давлат, Президент"-ро мунташир кард.
"Дар ин китоб нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дастёбӣ ба сулҳу оштии миллӣ, ҳамзамон ибтикорҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат — об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Ин китобро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Рамазонӣ Давлатов омода кардаанд.