ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ дар маросими рӯнамоии китоб кормандони вазорат, собиқадорони хидмати дипломатӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ ширкаткарданд.
Китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" асаре аст, ки оид ба мафҳуми дипломатия, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ маълумот медиҳад.
Манбаъ меафзояд, ки китоб дар бораи таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа маълумот медиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки китоб фарҳанги мухтасари истилоҳоти дипломатӣ ва санадҳои ҳуқуқиву меъёрии танзимкунандаи хидмати дипломатӣ ва робитаҳои хориҷӣ замима шудаанд.
Ин китоб сарсухани дипломати собиқадори тоҷик, академик Талбак Назаров ба шурӯъ мешавад.
Ба сифати дастурамали касбӣ фарогири маҷмӯи иттилооти зарурӣ буда, масири амалкарди кормандони касбии хидмати дипломатиро дар мавридҳои мухталифи хизматӣ равшан менамояд.
Он, бегумон, роҳнамоест барои дипломатҳои ҷавони тоҷик, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин донишҷӯёне, ки дипломатия ва муносибатҳои байналмилалиро меомӯзанд.