Фурудгоҳи Остонаро "Нурсултон Назарбоев" ном карданд

© Sputnik / Виталий Белоусов Фурудгоҳи Остонаро "Нурсултон Назарбоев" ном карданд
Фурудгоҳи Остонаро Нурсултон Назарбоев ном карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар дар Қазоқистон кӯчаву мактаб ва донишгоҳ ба номи аввалин раисҷумҳури Қазоқистон гузошта шуда буд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон "Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев" ном карда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Қарори ҳукумат дар ин бора дар расонаҳои расмии кишвар  ба табъ расидааст.

Ислам Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯчаи дарозтарини Тошканд ба номи Ислом Каримов гузошта шуд

"Фурудгоҳи байналмилалии Остона "Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев" ном карда шавад",- қайд  шудааст дар қарори мазкур.

Дар Қазоқистон ба номи раисҷумҳури кишвар кӯчаҳо ва иншоотҳои зиёде пештар номгузорӣ карда шуда буданд. Дар Остона Мактаби хонандагони лаёқатманд, донишгоҳ ва кӯчаҳоро ба номи раисҷумҳур гузоштаанд. Дар чор шаҳри Туркия бошад чор хиёбон  ба номи Нурсултон Назарбоев гузошта шуда, дар кишвар ҳатто муҷассамаи раисҷумҳур низ ҳаст.

Илова бар ин дар Қазоқистон соли гузашта ба муомила пули коғазии арзиши 10-ҳазор танга бароварда шуд, ки дар он акси раисҷумҳури Қазоқистон дарҷ гардидааст.
Пештар ба Маҷлиси Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи "Нурсултон" ё "Назарбоев" ном кардани пойтахти кишвар пешниҳод гардида буд, аммо худи Назарбоев зидди ин иқдом баромад.

Лентаи хабарҳо
0