ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.Шӯрои вакилони Тошканд қарор қабул намуд, ки кӯчаи Ӯзбекистони шаҳри Тошканд бо номи Ислом Каримов тағийри ном кунад, хабар медиҳад сомонаи шаҳрдории пойтахти Ӯзбакистон.
"Мувофиқи қарори вакилон собиқ кӯчаи Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов гузошта мешавад. Ҳуҷҷат дар чорчӯбаи иҷрои қарори президенти кишвар Шавкат Мирзиёев "Дар бораи гиромидошти хотироти аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов" қабул карда шудааст",- омадааст дар хабар.
Мувофиқи маълумоти сомонаи шаҳрдорӣ кӯча дарозтарин кӯчаи пойтахтбуда, 5 ноҳияи Тошкандро ба ҳам мепайвандад.
Ҳамчунин фурудгоҳи байналмиллалӣ ва донишгоҳи техникӣ дар Тошканд ба номи Ислом Каримов гухошта шудаст. Мувофиқи фармони Шавкат Мирзиёев ҳамасола 30-уми январ рӯзи мавлуди аввалин президент ва 2-уми сентябри рӯзи ёдбуди Ислом Каримов қабул карда шудаст.
Пештра хабар дода шуда буд, ки шаҳрванди Ӯзбакистон тифлони навзодашро ба шарофати Ислом Каримов номгузорӣ кардаст.
Аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр пас аз гирифтор шудан ба сактаи майнаи сар аз олам чашм пӯшид. Қабри президент дар зогоҳаш- Самарқанд ҷойгир шудаст.