Рустам Эмомалӣ дар Душанбе бузургтарин боғи обӣ ифтитоҳ кард

© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣИфтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе
Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 19 июн раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт маркази истироҳатии "Обшорон" - калонтарин боғи обӣ дар мамлакатро ба баҳрабардорӣ расонд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ дар Душанбе  маркази истироҳатии "Обшорон"ифтитоҳ шуд.

Тибқи маълумоти манбаъ ин марказ аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи обӣ ва шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ иборат аст.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дари марказҳои дилхуширо ба рӯйи наврасон баст

"Обшорон" бо маблағи 63 милюну 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Марказ дар як вақт беш аз 300 нафар истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад.

"Боғи обӣ"-и Душанберо ширкати "Сохтмони махсус" дар ҳамкорӣ бо созмони итолиёвии "Престон ва БарбиерB" ("Preston & Barbieri") сохтаанд.

Рустам Эмомалӣ бо шароити мавҷудаи истироҳату фароғати марказ аз наздик ошно шуда, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум  ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣАквапарк дар Душанбе
Аквапарк дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Аквапарк дар Душанбе
© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣБузургтарин боғи обии Душанбе
Бузургтарин боғи обии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Бузургтарин боғи обии Душанбе
© Фото : Аз равобити умумии шаҳрдорӣИфтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе
Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе
1/3
Аквапарк дар Душанбе
2/3
Бузургтарин боғи обии Душанбе
3/3
Ифтитоҳи боғи обӣ дар Душанбе

Гуфта мешавад, ки боғи обӣ беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ таъмин шудаанд.

Раиси шаҳр боварӣ дорад, ки бо бунёди чунин марказҳошумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат беҳтар мешавад.

Лентаи хабарҳо
0