ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи додаҳои Созмони обуҳавошиносӣ дар кишвар ҳавои гарм ҳукмрон мемонад.
Бино ба додаҳои обуҳавошиносон дар Душанбе рӯзҳои наздик ҳаво гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 39 то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд низ ҳамоно ҳаво дамгир боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 40 дараҷа ва шабона 22 — 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ҳудуди ВМКБ боду ҳавои салқинтар дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ин манотиқ рӯзона то 32 дараҷа гарм шуда, борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавадю
Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қурғонтеппа ҳарорати ҳаво беҳад гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 43 дараҷа ва шабона то 25 дараҷа гарм мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон ғарқшавии кӯдакон дар паи шиноварӣ афзудааст. Ҳамин тавр танҳо дар давоми як шабонарӯз наҷотдиҳандагон панҷ наврасро дар вилояти Суғд ва як духтарчаи 14 — соларо дар ВМКБ аз ғарқшавӣ наҷот доданд.